Иштироки Сафир дар чорабиниҳои ҷамъбастии XV Фестивали ҷумҳуриявии фарҳангҳои миллӣ дар шаҳри Гродно

06.06.2026 13:20

5–6 июни соли 2026 Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус Бахтовар Сафарзода дар чорабиниҳои ҷамъбастии XV Фестивали ҷумҳуриявии фарҳангҳои миллӣ иштирок намуд, ки он чун анъана намояндагони даҳҳо миллатҳои муқими Беларусро ба ҳам оварданд. 

Ҳамчунин Б.Сафарзода дар маросими ифтитоҳи бошукӯҳи чорабиниҳои ҷамъбастӣ, ки бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Беларус муҳтарам Александр Лукашенко баргузор гардид, иштирок намуд.

Зимни фестивал, ҳамзамон вохӯрии раиси Кумитаи иҷроияи вилояти Гродно Юрий Караев бо роҳбарон ва намояндагони намояндагиҳои дипломатии давлатҳои хориҷӣ, ки дар Ҷумҳурии Беларус аккредитатсия шудаанд, аз ҷумла бо Сафири Тоҷикистон, баргузор гардид.

Яке аз гӯшаҳои ҷолибу меҳмоннавози фестивал ҳавлии тоҷикон маҳсуб меёфт, ки мероси ғании фарҳангии халқи тоҷикро муаррифӣ намуд. Либосҳои миллӣ, намунаҳои ҳунарҳои мардумӣ ва ороиши анъанавии ҳавлии тоҷикон, ки асолат ва анъанаҳои чандинасраи миллати тоҷикро инъикос мекарданд, таваҷҷуҳи махсуси меҳмононро ҷалб намуданд.

Баромадҳои намояндагони ҷомеаи тоҷикон, ки суруд ва рақсҳои миллиро бо гармӣ, самимият ва рӯҳи меҳмоннавозии шарқӣ пешкаш карданд, зеботарин бахши барнома гардиданд.

Меҳмонони фестивал имконият пайдо намуданд, ки бо фарҳанг, таърих ва арзишҳои миллии тоҷикон аз наздик шиносоӣ пайдо намоянд.

Фестивал бори дигар аҳамияти гуногунрангии фарҳангиро ҳамчун яке аз арзишҳои муҳими ҷомеаи Беларус собит намуда, нақши чунин чорабиниҳоро дар таҳкими дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамзистии созандаи намояндагони миллатҳои гуногун таъкид намуд.

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg