Дар чаҳорчӯби ИДМ қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ “Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда”, ки бо ибтикори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод гардидааст, муаррифӣ шуд

30.06.2026 16:23

30 июни соли 2026 дар шаҳри Минск зимни ҷаласаи навбатии Шӯрои намояндагони доимии ваколатдори давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Намояндаи доимии ваколатдори Ҷумҳурии Тоҷикистон назди мақомоти оинномавӣ ва дигар ниҳоди ИДМ, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус Бахтовар Сафарзода қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид таҳти унвони “Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда”-ро, ки 25 июни соли 2026 бо ибтикори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабул гардид, муаррифӣ намуд.

Зимни суханронии худ Сафир аҳаммияти таърихии қабули қатъномаро таъкид намуда, аз ҷонибдории васеи байналмилалии он ёдовар шуд.

Ҳамзамон, ба давлатҳои иштирокдори ИДМ барои дастгирии ин ташаббус ва ҳаммуаллифӣ дар таҳияи қатънома изҳори сипоси самимӣ баён гардида, зикр шуд, ки чунин пуштибонӣ бозгӯи садоқати муштараки кишварҳои Иттиҳод ба арзишҳои сулҳ, ҳамҷавории нек, эҳтироми мутақобила ва ҳамкории бисёрҷониба мебошад.

Ҳамчунин таваҷҷуҳи хос ба ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати баргузор намудани Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар соли 2027 дар шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид ва давлатҳои шарик ҷалб гардид, ки оғози расмии татбиқи амалии “Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда”-ро ифода хоҳад кард.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg