Мулоқоти арзи адаби сафири Ҷумҳурии Корея бо сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон

22.07.2026 12:01

22 июли соли 2026 сафири Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии Беларус Ким Ҷунг Ҳа дар доираи мулоқотҳои шиносоӣ бо роҳбарони намояндагиҳои дипломатии муқими Ҷумҳурии Беларус бо сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус Бахтовар Сафарзода мулоқоти арзи адаб анҷом дод.

Зимни мулоқот ҷонибҳо оид ба масъалаҳои таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳо байни намояндагиҳои дипломатии ду давлати дӯст дар Ҷумҳурии Беларус табодули афкор намуда, инчунин дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи муштаракро баррасӣ карданд.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg