«Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ сазовори Шоҳҷоизаи Озмуни байналмилалии «Санъати китоб» гардид

24.07.2026 13:53

Зимни ҷаласаи XXIII Озмуни байналмилалии «Санъати китоб»-и давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки рӯзҳои 23–24 июли соли ҷорӣ дар шаҳри Минск баргузор гардид, нашри тозаи «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ сазовори Шоҳҷоизаи Озмун гардид.

Нашру тавзеҳи «Шоҳнома» бо дастгирӣ ва иқдоми созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо мақсади арҷгузорӣ ба осори безаволи Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ ва таҳкими худшиносии миллӣ ба табъ расида, ба ҳар як хонаводаи Тоҷикистон ройгон тақдим гардид.

Маросими тантанавии супоридани ҷоизаҳои ғолибони XXIII Озмуни байналмилалии «Санъати китоб»-и давлатҳои аъзои ИДМ моҳи сентябри соли 2026, дар арафаи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар Федератсияи Россия баргузор мегардад.

«Шоҳнома» — ганҷинаи ҷовидонаи фарҳанги тоҷик ва мероси башарият!

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg