Дар шаҳри Брест ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Беларус оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ баргузор мегардад

27.07.2026 20:44

27 июли соли 2026 ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбон Ҳакимзода барои иштирок дар ҷаласаи 19-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Беларус оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ, ки аз 27 то 30 июли соли 2026 дар шаҳри Брест баргузор мегардад, ба Ҷумҳурии Беларус ташриф оварданд.

Ба ҳайат намояндагони вазорату идораҳо, инчунин доираҳои соҳибкории Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил мебошанд.

Қарор аст зимни ҷаласа ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва байниминтақавӣ, инчунин равобитро дар бахшҳои саноат, кишоварзӣ, нақлиёт, логистика, маориф, тандурустӣ ва дигар самтҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн баррасӣ хоҳанд намуд.

Аз рӯи натиҷаҳои ҷаласа ба имзо расидани Протоколи ҷаласаи   19-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Беларус оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва Харитаи роҳ оид ба рушди минбаъдаи ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Беларус дар назар аст.

Дар доираи сафар ҳайати Тоҷикистон инчунин аз як қатор корхонаҳои саноатӣ ва кишоварзии вилояти Брест боздид намуда, бо иқтидори истеҳсолии онҳо шинос хоҳанд гардид. Ҳадаф аз боздид, ба роҳ мондани робитаҳои мустақим миёни доираҳои соҳибкории ду кишвар ва баррасии самтҳои ояндадори ҳамкорӣ мебошад.

Инчунин аз рӯи натиҷаҳои мулоқотҳо ба имзо расидани як қатор санадҳои дуҷониба миёни субъектҳои хоҷагидории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Беларус, ки ба рушди ҳамкориҳои мутақобилан судманд равона гардидаанд, пешбинӣ шудааст.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg