Дар Брест Шурои кории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Беларус баргузор гардид

28.07.2026 18:13

28 июли соли 2026 дар ҳошияи ҷаласаи 19-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Беларус оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ дар Палатаи савдо ва саноати шаҳри Брест Шурои кории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Беларус баргузор гардид.

Дар чорабинӣ намояндагони мақомоти давлатӣ, палатаҳои савдо ва саноат, иттиҳодияҳои соҳавӣ ва доираҳои соҳибкории ҳар ду кишвар иштирок намуданд.

Зимни мулоқот ҷонибҳо дурнамои рушди ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ, густариши робитаҳои байниминтақавӣ, таҳкими ҳамкориҳои саноатӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муштаракро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Аз рӯи натиҷаҳои чорабинӣ байни минтақаҳои озоди иқтисодии “Суғд”-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ва “Брест”-и Ҷумҳурии Беларус Ёддошти ҳамкорӣ ба имзо расид, ки ба рушди ҳамкорӣ, ҷалби сармоягузорӣ ва тавсеаи робитаҳо миёни резидентҳои ҳар ду минтақаи озоди иқтисодӣ заминаи созгорро фароҳам хоҳад овард.

Ҳамчунин музокироти дуҷониба дар қолаби B2B (соҳибкор ба соҳибкор) баргузор гардид, ки дар ҷараёни он намояндагони доираҳои соҳибкорӣ атрофи пешниҳодҳои тиҷоратии хеш табодули назар намуда, самтҳои ояндадори ҳамкориҳои минбаъдаро баррасӣ карданд.

Мулоқоти мазкур бори дигар аз манфиатдории мутақобилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Беларус ҷиҳати рушди минбаъдаи ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва таҳкими робитаҳои мустақими байни доираҳои соҳибкории ду кишвар шаҳодат дод.

 

 

 

 

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg