28 июли соли 2026 дар доираи барномаи сафари корӣ ба Ҷумҳурии Беларус ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамраиси Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Беларус оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ Қурбон Ҳакимзода дар маросими тантанавии гузоштани гулчанбар дар назди Оташи ҷовидони Маҷмааи ёдгории «Қалъаи Брест-Қаҳрамон» иштирок намуд.
Зимни маросим аъзои ҳайати Тоҷикистон бо як дақиқаи сукут хотираи қаҳрамонони Қалъаи Брестро, ки дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҷони худро нисор намудаанд, гиромӣ доштанд.
Ҳайат баъд аз анҷоми маросим, бо таърихи таъсиси Маҷмааи ёдгорӣ шинос шуда, аз намоишгоҳҳои асосӣ ва дигар мавзеъҳо, ки ба дифои қаҳрамононаи Қалъаи Брест бахшида шудаанд, боздид ба амал овард.
Боздиди Маҷмааи ёдгорӣ қисми муҳими барномаи сафари ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Беларус маҳсуб ёфта, бори дигар нигоҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ҳифзи хотираи муштараки таърихӣ, эҳтироми корнамоиҳои халқҳое, ки барои ба даст овардани Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ саҳми ҳалкунанда гузоштаанд, инчунин таҳкими минбаъдаи муносибатҳои анъанавии дӯстона миёни Тоҷикистон ва Беларусро тасдиқ намуд.






