Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иқтидори саноатии вилояти Брест шинос гардид

30.07.2026 20:24

29 июли соли 2026 дар ҳошияи ҷаласаи 19-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Беларус оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз як қатор корхонаҳои пешқадами саноатии вилояти Брест боздид намуд.

Дар доираи барномаи сафар, ҳайат аз минтақаи озоди иқтисодии “Брест”, Корхонаи хусусии истеҳсолию тиҷоратии воҳиди “Сифания-Экотехника”, гурӯҳи ширкатҳои “СТиМ”, инчунин Корхонаи воҳиди “Гефест-Техника” дидан намуданд.

Зимни боздид ҳайати Тоҷикистон бо иқтидорҳои истеҳсолии корхонаҳо, технологияҳои муосир, маҳсулоти истеҳсолшаванда ва иқтидори содиротии онҳо шинос шуданд. Дар доираи шиносоӣ, таваҷҷуҳи махсус ба масъалаҳои маҳаллисозии истеҳсолот, ҷорӣ намудани технологияҳои инноватсионӣ, рушди ҳамкориҳои саноатӣ ва тавсеаи ҳамкориҳои сармоягузорӣ зоҳир гардид.

Намояндагони корхонаҳо дар бораи фаъолияти худ, лоиҳаҳои амалишаванда ва дурнамои ҳамкорӣ бо шарикони тоҷикистонӣ маълумот пешниҳод намуда, омодагии худро барои рушди ҳамкориҳои мутақобилан судманд изҳор доштанд.

Боздид аз иншооти саноатии вилояти Брест имкон фароҳам овард, ки самтҳои ояндадори ҳамкориҳои амалӣ миёни доираҳои соҳибкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Беларус муайян гардида, ҳамзамон манфиати мутақобилаи ҷонибҳо ҷиҳати рушди минбаъдаи робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ бори дигар таъйид гардид.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg