29 августи соли ҷорӣ ширкати миллии ҳавопаймоии “Сомон Эйр” парвозҳои мунтазами мустақимро ҳафтае як маротиба, рӯзҳои шанбе, дар масири Душанбе-Минск-Душанбе ба роҳ мемонад.
Роҳандозии хатсайри мустақим ба таҳкими робитаҳои нақлиётӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Беларус, осон намудани рафтуомади шаҳрвандони ду кишвар ва рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ, сайёҳӣ ва гуманитарӣ мусоидат хоҳад кард.
Мусофирон метавонанд чиптаҳои ҳавопайморо тавассути сомонаи расмии ширкати “Сомон Эйр” дастрас ва харидорӣ намоянд.
