Бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бори нахуст санаи 20 октябри соли 2026 дар Осорхонаи тамаддуни Рими Ҷумҳурии Италия намоиши байналмилалӣ таҳти унвони “Тоҷикистон – кишвари ёдгориҳои нодир” баргузор мегардад.
Дар намоиш шоҳкориҳои беназири мероси таърихию фарҳангии Тоҷикистон аз ёдгориҳои машҳури бостоншиносӣ ва меъморӣ, аз ҷумла Тахти Сангин, Панҷакенти қадим, дайри буддоии Аҷинатеппа, инчунин дигар маконҳои таърихии кишвар ба маърази тамошобинон гузошта мешаванд.
Даврабандии таърихии ашёи пешниҳодшаванда аз асри VI то мелод то асри ХХ мелодиро дар бар гирифта, марҳилаҳои муҳими ташаккул ва рушди тамаддуни тоҷиконро инъикос менамояд.
Намоиши мазкур барои меҳмонон ва дӯстдорони таъриху фарҳанг имконияти нодир фароҳам меорад, то бо намунаҳои арзишманди мероси моддии Тоҷикистон, ки бозгӯи таърихи бисёрҳазорсола мебошанд, аз наздик ошно гарданд.

