29 августи соли ҷорӣ нахустин парвози мустақим дар масири Душанбе-Минск-Душанбе ба роҳ монда шуд. Дар маросими истиқболи нахустин парвоз дар Фурудгоҳи байналмилалии миллии Минск, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус Бахтовар Сафарзода, намояндагони ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” ва роҳбарияти Фурудгоҳи байналмилалии Минск иштирок ва суханронӣ карданд.
Дар рафти маросим таъкид гардид, ки роҳандозии хатсайри мустақими ҳавоӣ миёни Душанбе ва Минск натиҷаи таваҷҷуҳ ва дастгирии пайвастаи роҳбарони ду кишвар, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Беларус муҳтарам Александр Лукашенко ба рушди муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои гуногунҷанбаи дуҷониба мебошад.
Ба роҳ мондани парвозҳои мустақим дар масири Душанбе-Минск-Душанбе қадами муҳим дар таҳкими робитаҳои дӯстона ва ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Беларус ба ҳисоб рафта, барои рушди ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ, сармоягузорӣ, сайёҳӣ, фарҳангӣ ва гуманитарӣ, инчунин тавсеаи робитаҳои байни мардумони ду кишвар имкониятҳои бештар фароҳам меорад. Ҳамзамон, мавҷудияти хатсайри мустақим ба рушди робитаҳои соҳибкорон, афзоиши гардиши сайёҳӣ ва осон гардидани рафтуомади шаҳрвандони ду кишвар мусоидат хоҳад кард.
Маврид ба зикр аст, ки нахустин парвози мустақим дар арафаи 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-солагии истиқрори муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Беларус роҳандозӣ гардид, ки ба он аҳаммияти хоссаи сиёсӣ ва рамзӣ мебахшад.
Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус бо истифода аз фурсат ба ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр”, роҳбарият ва кормандони Фурудгоҳи байналмилалии Минск барои ҳамкории судманд, дастгирӣ ва саҳмгузорӣ дар роҳандозии хатсайри мустақими Душанбе-Минск-Душанбе изҳори сипос менамояд ва итминон дорад, ки ин иқдом ба рушди минбаъдаи робитаҳои Тоҷикистону Беларус ва таҳкими робитаҳои байни мардумони ду кишвар мусоидати назаррас хоҳад кард.







