Таҷлили Рӯзи Истиқлолияти давлатӣ дар Минск

12.09.2026 19:18

11 сентябри соли 2026 дар шаҳри Минск ба муносибати 35-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-юмин солгарди истиқрори муносибатҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистон ва Беларус зиёфати расмӣ барпо гардид.

Дар чорабинӣ намояндагони воломақоми вазорату идораҳои Ҷумҳурии Беларус, роҳбарони намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулӣ, созмонҳои байналмилалӣ, доираҳои фарҳангӣ, аҳли зиё, расонаҳои хабарӣ, инчунин ҳамватанон ва донишҷӯёни тоҷик ширкат варзиданд.

Зимни суханронии худ Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус Бахтовар Сафарзода ба ҳозирин роҷеъ ба аҳамияти таърихии Рӯзи истиқлолияти давлатӣ ва дастовардҳои мамлакат дар ин давра, инчунин ташаббусҳои ҷаҳонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ба таҳкими сулҳу амният, истифодаи оқилонаи захираҳои об, тағйирёбии иқлим равона гардидаанд, ибрози назар намуд.

Б.Сафарзода ҳамзамон таъкид сохт, ки 5 сентябри соли 2026 Тоҷикистону Беларус 30-юмин солгарди истиқрори муносибатҳои дипломатиро ҷашн гирифтанд. Қайд гардид, ки дар рушду тавсеаи муносибатҳои ду кишвар робитаҳои самимӣ ва бар пояи эътимоди мутақобила байни Роҳбарони ду давлат - муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Александр Лукашенко аҳамияти калидӣ дорад.

Дар навбати худ, меҳмони фахрии чорабинӣ Вазири кишоварзӣ ва озуқавории Ҷумҳурии Беларус, ҳамраиси Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Беларус оид ба ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ Ю.Горлов дар суханронии хеш мардуми Тоҷикистонро бо рӯзи Истиқлолияти давлатӣ табрику таҳният гуфта, роҷеъ ба муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории рушдёбандаи иқтисодии ду кишвар маълумот дод.

Боиси зикр аст, ки дар чорабинӣ намоишгоҳи мусаввараҳо, ки инъикоскунандаи манзараҳои дилрабои Тоҷикистон, китобҳо ва асарҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон, маводи таблиғотӣ оид ба иқтидори сайёҳӣ, инчунин намоиши нигораҳои миллӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ба маърази тамошо гузошта шуд. Илова бар ин, наворҳо роҷеъ ба дастовардҳои Тоҷикистон дар тӯли 35 соли истиқлолият, иқтидори иқтисодӣ-саноатӣ ва мавзеъҳои таърихию сайёҳии кишвар намоиш дода шуданд.

Чорабинии идона бо меҳмоннавозии анъанавии тоҷикона сурат гирифта, ба иштирокчиёни ҷашн дастархони идона бо таомҳои болаззати миллию аврупоӣ, аз ҷумла Оши палав, қурутоб ороста гардида буд.

Ҷашни мазкур дар фазои фараҳбахши оҳангҳои миллӣ ва таронаҳои тоҷикӣ дар иҷрои ҳунармандони шинохтаи Тоҷикистон ҳусну шаҳомати хоса бахшид.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg