Барои Шаҳрвандон

03.10.2023 11:18
  1. Нақшаи сафар ба Федератсияи Россия

Шумо бояд муҳлат ва мақсади сафаратонро муайян намоед: таҳсил, фаъолияти корӣ, ба мақсади шахсӣ. Зеро аз мақсади сафар  ба расмият даровардани ҳуҷҷатҳо ҷиҳати будубоши қонунӣ дар ҳудуди Федератсияи Россия вобастагӣ дорад.

Барои шиносоӣ бо тартиби гирифтани патент, Шумо метавонед ба Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои он дар тамоми вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намоед ва ё аз сомонаи расмии Хадамоти муҳоҷират (www.migration.tj) истифода баред.

Агар Шумо қаблан ба Федератсияи Россия сафар карда бошед, боварӣ ҳосил намоед, ки дар Федератсияи Россия ба қонунвайронкунӣ роҳ надодаед: муҳлати будубошро вайрон накардаед, аз ҳуҷҷатҳои қалбакӣ истифода набурдаед.

Барои дастрас намудани маълумот оид ба манъ будани воридшавии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бетабаа (бешаҳрвандӣ) ба Федератсияи Россия, метавонед аз сомонаи расмии Сарраёсат оид ба масъалаҳои муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия (www.fms.gov.ru) истифода баред. Яъне барои санҷидани мавҷудияти асос ҷиҳати надодани иҷозат ба мақсади воридшавӣ ба ҳудуди Федератсияи Россия ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бетабаа тариқи Сарраёсат оид ба масъалаҳои муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия ва ё ба Хадамоти муҳоҷират муроҷиат намоед. Дар ниҳодҳои мазкур махзани маълумоти шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки воридшавии онҳо ба Федератсияи Россия манъ карда шудааст, мавҷуд аст.

Ҳангоми ба фурудгоҳ ва ё истгоҳи роҳи оҳани Ҷумҳурии Тоҷикистон омадан, пур кардани варақаи муҳоҷиратӣ барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба мақсади баҳисобгирии рафтуомади шаҳрвандон зарур аст. Варақаи мазкур пур карда шуда, пеш аз сафар ба намояндаи Сарраёсати қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида мешавад.

 2)  Омадан ба Россия

Дар дохили тайёра ё қатора ва ё дар нуқтаҳои гузариши сарҳадии Россия ба Шумо варақаи муҳоҷиратӣ дода мешавад. Он аз ду қисм иборат буда, бояд бо ҳуруфи лотинӣ ё бо забони русӣ пур карда шавад.

Дар баробари воридшавӣ ба қаламрави Россия, ба Шумо зарур аст, ки ба намояндагии Хадамоти сарҳадии Россия шиносномаи хориҷӣ ва варақаи муҳоҷиратии пурнамудаи худро пешниҳод намоед: як қисми варақаи муҳоҷиратиро пас аз қайд намудан  бо худ нигоҳ доред.

Як қисми варақаи муҳоҷиратиро Шумо бояд ҳамеша якҷоя бо шиносномаи хориҷӣ бо худ дошта бошед, он ба Шумо дар ҳудуди Россия то 90 рӯз (дар давоми 6 моҳ) ҳуқуқи будубош намуданро медиҳад. Дар мавриди гум кардани варақаи муҳоҷиратӣ, дар муддати 3 рӯз зарур аст, ки ба мақомоти ҳудудии Сарраёсат оид ба масъалаҳои муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия барои гирифтани нусхаи дуюм (дубликат) муроҷиат намоед (ройгон).

3) Вақте ба  Россия омадед, чӣ бояд кард?

Дар муддати 15 рӯз пас аз он, ки Шумо ба Россия ворид шудед, Шуморо зарур аст, ки худро дар қайди баҳисобгирии муҳоҷиратӣ дароред.

Баҳисобгирии муҳоҷиратӣ ин огоҳ намудани Сарраёсати Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия оид ба он аст, ки Шумо ба макони будубоши худ дар ҳудуди Россия ҳозир шудаед.

Барои ба қайди баҳисобгирии муҳоҷиратӣ гузоштан, Шумо бояд нусхаи шиносномаи хориҷӣ ва нусхаи варақаи муҳоҷиратиро ба ҷониби қабулкунанда (соҳибмулк, корфармо) пешниҳод намоед.

Оид ба тартиботи қайди баҳисобгирии муҳоҷиратӣ бо диққат аз қабулкунанда пурсон шавед, зеро ҷониби қабулкунанда ҷавобгари он мебошад. Пас аз гузаштани баҳисобгирии муҳоҷиратӣ, ҷониби қабулкунанда ба Шумо огоҳиномаи қисман ҷудошавандаро бо қайди ба ҳисоб гирифтани Шумо, бармегардонад.

4)Ба кор даромадани Шумо. Дар куҷо ва дар назди кӣ бояд кор кард?

Агар мақсади Шумо машғул шудан ба фаъолияти меҳнатӣ бошад, он гоҳ Шумо бояд патентро дастрас намоед. Патент ба Шумо имконият медиҳад, ки дар назди шахси юридикӣ ё инфиродӣ фаъолияти корӣ намоед. Патентро Шумо метавонед дар ҳудуди Федератсияи Россия дар мақомоти минтақавии Сарраёсат оид ба масъалаҳои муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия дастрас намоед.

Дар муддати 30 рӯзи тақвимӣ баъди воридшавӣ ба қаламрави Россия, ҳуҷҷатҳо барои гирифтани патент ба мақомоти минтақавии Сарраёсат оид ба масъалаҳои муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия бояд пешниҳод карда шаванд.

Барои муайян намудани сатҳи дониши забони русӣ, таърихи Федератсияи Россия ва асосҳои қонунгузории ин кишвар, Шумо метавонед санҷишро дар қаламрави Федератсияи Россия ё дар марказҳои аккредитатсияшудаи Вазорати маориф ва илми Федератсияи Россия, аз ҷумла, Филиали Донишгоҳи давлатии ш. Москва ба номи М.В. Ломоносов дар ш. Душанбе ва филиали Донишкадаи энергетикии ш. Москва дар ш. Душанбе гузаред.

Шумо танҳо дар ҳудуди он субъектҳои Федератсияи Россия фаъолият кардан метавонед, ки дар ҳудудашон ба Шумо патент дода шудааст.

5)Бозгашт ба Ватан

Агар мақсади будубоши Шумо дар Россия дигар бошад (на таҳсил ва на кор), муҳлати будубоши Шумо наметавонад аз 90 рӯз (дар давоми 6 моҳ) бештар бошад.

То ба анҷом расидани 90 рӯз Шумо бояд сарҳади Россияро тарк намоед. Дар сурати риоя накардани қоидаи мазкур, Шумо барои вайронкунии қоидаҳои будубош дар Федератсияи Россия ба ҷавобгарии ҷиноӣ ва маъмурӣ кашида шуда, ба Шумо хавфи  хориҷ шудан (депортатсия) ба муҳлати аз 3 то 5 сол таҳдид мекунад.

Дар хотир дошта бошед:

Барои ғайриқонунӣ убур кардани сарҳади давлатии Федератсияи Россия, аз ҷумла, ҳангоми надоштани шиносномаи хориҷӣ, инчунин нисбати Шумо қабул гаштани маҳдудият  ба ҳуқуқи воридшавӣ ба Федератсияи Россия, ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноӣ пешбинӣ шудааст.

Барои бақайдгирии  қалбакӣ дар ҷойи зист ва ё бақайдгирии қалбакии баҳисобгирии муҳоҷиратӣ, ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноӣ пешбинӣ шудааст.

Қасдан харидорӣ кардани  ҳуҷҷатҳои қалбакии иҷозатдиҳӣ, ба ҷавобгарии ҷиноӣ оварда мерасонад (м. 327 Кодекси ҷиноии Федератсияи Россия).

Ҳангоми пайдо шудани саволҳои иловагӣ ва ё нофаҳмиҳо нисбат ба қонунгузории Федератсияи Россия дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ, Шумо метавонед ба Сафорату консулгариҳои генералии  Тоҷикистон дар Федератсияи Россия, инчунин Хадамоти муҳоҷират ва сохторҳои он дар ҳамаи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, инчунин муроҷиат намоед.

   

Аз Шумо эҳтиромона хоҳиш мегардад, ки қонунҳои амалкунандаи Федератсияи Россияро риоя кунед.

 

6)Тартиби гирифтани патент

Шаҳрвандони гиромӣ,

Агар мақсади ба Федератсияи Россия барои фаъолияти корӣ сафар карданро дошта бошед, Шумо бояд патентро дастрас кунед. Патент ба Шумо имконияти кор карданро дар назди шахсоне ҳуқуқӣ ва инфиродӣ таьмин менамояд.

 

*       Шумо метавонед патентро дар сохторҳои зертобеи Сарраёсат оид ба масьалаҳои муҳоҷирати ВКД-и Россия дастрас намоед.

*       Ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои гирифтани патент бояд ба сохторҳои зертобеи Сарраёсат оид ба масьалаҳои муҳоҷирати ВКД-и Россия дар муддати 30 рӯзи тақвими аз рӯзи воридшавӣ ба қаламрави Федератсияи Россия пешниҳод карда шаванд.

*       Барои гирифтани патент Шумо бояд маьлумотномаи тиббӣ аз ҷониби мақомоти ваколатдори Федератсияи Россия тасдиқшударо дошта бошед.

*       Мақомоти ҳудудии Саррёсат оид ба масьалаҳои муҳоҷирати ВКД-и Россия на дертар аз 10 рӯзи корӣ аз рӯзи гирифтани ариза ба шаҳрвандони хориҷӣ патентро медиҳад.

*       Патент ба муҳлати аз 1 то 12 моҳ дода мешавад.

*       Муҳлати амали (давомнокии) патент метавонад чандин маротиба аз рӯзи патентгирӣ аз 1 моҳ то 12 моҳ   тамдид гардад. Муҳлати умумии амали патент бо дарназардошти тамдид бояд аз 12 моҳ зиёд набошад.

*       Муҳлати амали патент он гоҳ тамдидгардида ҳисоб мешавад, ки агар андоз барои гирифтани патент пардохт шуда бошад. Дар ин ҳолат муроҷиат ба сохторҳои зертобеи Сарраёсат оид ба масьалаҳои муҳоҷирати ВКД-и Россия зарур нест.

*       Дар дигар ҳолатҳо муҳлати амали патент аз рӯзи охирони пардохти андоз барои гирифтани патент қать мегардад.

*      Барои гирифтани патент ҳуҷҷатҳои зеринро бояд пешниҳод намуд:

1) Ариза оид ба гирифтани патент;

2) Шиносномаи хориҷӣ;

3) Варақаи муҳоҷиратӣ бо дарҷи мақсади сафар –“КОР” ва қайди мақомоти сарҳадӣ оид ба воридшавӣ ба ФР, ё бо нишондоди мақомоти ҳудудии Сарраёсат оид ба масьалаҳои муҳоҷирати ВКД-и Россия дар бораи дода шудани варақаи муҳоҷиратӣ;

 

4) Шартнома (ё полис) оид ба суғуртаи ихтиёрии тиббӣ;

 

5) Варақаи пардохт  оид ба супоридани ҷарима аз 10 то 15 ҳазор рубл (дар ҳолати пешниҳоди ариза барои гирифтани патент баьди 30 рӯз аз лаҳзаи воридшавӣ ба ФР);

6) Ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда оид ба надоштани бемориҳои сирояткунанда ва нашьамандӣ, инчунин маьлумотнома оид ба набудани бемориҳои  ВНМО;

7) Ҳуҷҷат дар бораи донистани забони русӣ, таьрихи Россия ва асосҳои қонунгузории ФР;

8) Ҳуҷҷат  дар бораи бақайдгирӣ дар ҷойи иқомат.

*       Патент ба шаҳрванди хориҷӣ бо пешниҳоди шиносномаи хориҷӣ ва варақаи пардохт оид ба супоридани андоз барои гирифтани патент ба муҳлати амали он шахсан дода мешавад.

*       Дар муддати 2 моҳ аз рӯзи аввали гирифтани патент ба мақомоти ҳудудии Сарраёсат оид ба масьалаҳои муҳоҷирати ВКД-и Россия, ки патентро додааст, бояд нусхаи шартномаи меҳнатӣ ё шартнома оид ба иҷрои корҳо (пешниҳоди хизматрасониҳо) бо шахси ҳуқуқӣ пешниҳод карда шавад.

*       Шумо метавонед соҳиби сертификат оид ба донистани забони русӣ дар қаламрави ФР ё дар қаламрави ҶТ дар марказҳое, ки аз ҷониби Вазорати маориф  ва илми ФР аккредитатсия шудаанд, аз ҷумла Филиали Донишгоҳи давлатии ш. Москва ба номи М. В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе ва филиали Донишкадаи энергитикии ш. Москва дар ш. Душанбе шавед.

*       Барои тасдиқ намудани донистани забони русӣ, яке аз ҳуҷҷатҳои зерин зарур аст:

1) сертификат  оид ба гузаштани тести давлатӣ ҷиҳати донистани забони русӣ ҳамчун забони хориҷӣ;

2) ҳуҷҷат дар бораи маълумотнокӣ, ки дар Федератсияи Россия тибқи шартномаҳои байналмилалӣ эьтироф мегардад;

 

3) шаҳодатномаи намунаи давлатӣ дар бораи маьлумотнокӣ (на кам аз маьлумотнокии миёнаи умумӣ), ки аз ҷониби муассисаҳои таьлимӣ дар қаламрави давлатҳои собиқ Иттиҳоди Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистӣ (СССР) то 1 сентябри соли 1991 дода шудааст;

4) ҳуҷҷат дар бораи маьлумотнокӣ ё тахассус ба шахсоне дода шудааст, ки аз аттестатсияи ҷамъбастии давлатӣ дар қаламрави Федератсияи Россия аз 1 ентябри соли 1991 бомуваффақият гузаштаанд.

7) ГИРИФТАНИ КУМАКИ ҲУҚУҚӢ

Маслиҳат дода мешавад, ки муҳоҷири меҳнатӣ дар ҳолатҳои зарурӣ дар  Федератсияи Россия  барои мусоидат ба Сафорат, консулгариҳои генералӣ ва  Намояндагии ВММША ҶТ дар ФР муроҷиат намояд.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg