Муносибатҳои Тоҷикистон бо Арманистон

05.02.2021 15:33

Муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Арманистон.

Роҳандозии робитаҳои мутақобилан судманд бо Ҷумҳурии Арманистон яке аз самтҳои қобили дурнамо дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад.

Муносибатҳои дипломатӣ миёни ду кишвар 12 октябри соли 1992 барқарор шуда, рушду таҳкими робитаҳои дуҷониба дар соҳаҳои мухталифи ҳамкорӣ бо қадамҳои устувор идома меёбанд.

Дар раванди рушду таҳкими муносибатҳои дуҷониба мулоқотҳои сатҳи олии давлатҳо ба сифати омили такондиҳанда, нақши калидӣ доранд. Дар зимн, соли 2002 Президенти Ҷумҳурии Арманистон Роберт Кочарян ба Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо сафари расмӣ ташриф овард.

Зимни он дидор сарони давлатҳо масъалаҳои мавриди таваҷҷӯҳи тарафайнро баррасӣ намуда, роҷеъ ба мавқеи ҷонибҳо нисбат ба баъзе масъалаҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ, аз ҷумла ҳамкорӣ дар дораи ИДМ ва низоми амнияти дастаҷамъӣ мубодилаи афкор намуданд.

Мулоқоти сарони ҳарду давлат бо баимзорасонии санадҳои ҳамкории дуҷониба, аз ҷумла Аҳднома дар бораи дӯстӣ ва ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Арманистон, Созишнома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Арманистон дар бораи ҳавасмандӣ ва ҳифзи сармоягузории тарафайн, Протокол миёни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Арманистон дар бораи ҳамкорӣ анҷом ёфт. 

Нахустин сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Арманистон 25 - 26 ноябри соли 2003 доир гардид, ки рӯзномаи он баррасии масъалаҳои таҳкиму густариши муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории мутақобилан судманди сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ ва гуманитариро миёни ду кишвар фаро гирифт. 

Дар натиҷаи он сафари расмӣ, якчанд санадҳои ҳамкорӣ марбут ба бахшҳои гуногуни соҳаҳои иқтисод ва гуманитарӣ ба имзо расиданд.  

Масъалаҳои вусъат додани раванди ҳамкориҳо миёни Тоҷикистону Арманистон зимни дидори навбатии роҳбарони ду давлат 15 ноябри соли 2005 дар ш. Ереван мавриди муҳокима қарор гирифт.

Ҷонибҳо ҳамчунин, роҷеъ ба татбиқи амалии санадҳои ҳуқуқие, ки дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ба тасвиб расидаанд, табодули афкор намуданд. Зимнан, масоили амнияти минтақавӣ, муборизаи муштарак бар зидди хатарҳои муосир аз қабили терроризм, экстремизм ва гардиши маводи мухаддир аз мавзӯъҳои меҳварии мулоқот буд.

Дар маҷмӯъ, ҳавасмандии ҷонибҳо ба дурнамои ҳамкориҳои судманди Тоҷикистону Арманистон қайд гардид.

15 июни соли 2017 сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Арманистон бо натиҷаҳои бобарор ба хотири таҳкиму тавсеаи муносибатҳои дӯстию ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Арманистон ба анҷом расид.

Зимнан, пояи шартномавию ҳуқуқии муносибатҳои дуҷонибаро 29 ҳуҷҷат ташкил медиҳад, ки онҳо самтҳои гуногуни ҳамкориҳои дуҷонибаро дар соҳаҳои иқтисодиёт, тиҷорат, кишоварзӣ, тандурустӣ, фарҳанг ва илму маориф фаро мегиранд.

Дар давоми солҳои охир, ҷиҳати барқарорсозӣ ва тавсеаи робитаҳои мустақими субъектҳои хоҷагидорӣ байни корхонаҳои ҳарду ҷониб иқдомҳои мушаххас ва табодули маҳсулоти таъйиноти истеҳсолӣ-техникӣ, молҳои ниёзи мардум ва ашёи хом сурат мегирад.

Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Арманистон оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ҳамоҳангсози муносибатҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Арманистон буда, омили муҳим барои ноил гардидан ба густариши робитаҳои сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, сармоягузорӣ ва маърифатию фарҳангӣ маҳсуб меёбад.

То ин ҷониб, Тоҷикистону Арманистон се ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматиро баргузор намуда ҷиҳати таҳкими минбаъдаи робитаҳои дуҷониба барои афзоиши ҳаҷми гардиши молу маҳсулот, рушди ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва дастрасӣ ба бозорҳои истеъмолии якдигар, роҳандозии робитаҳои бевосита миёни субъектҳои амалкунандаи ҳарду ҷониб, ҳамкорӣ дар соҳаҳои гидроэнергетика, саноати куҳӣ, саноати сабуку хурокворӣ, кишоварзӣ, фармасевтӣ ва нақлиётию коммуникатсионӣ, инчунин алоқаю сайёҳӣ ба мувофиқа расиданд.

Дар ин раванд, истифодаи имкониятҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ баҳри таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ, коргоҳҳои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, пахта, сангҳову металлҳои қимматбаҳо, истеҳсоли молҳои алюминӣ ва дигар ашёи рузгор ба манфиати ҳар ду кишвар мувофиқи мақсад дониста шуд.

Муносибатҳо миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Арманистон дар маҷмӯъ дурнамои рушд ва таҳкими минбаъдаро доро мебошанд.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg