Сафари кории Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ба ш. Қазони Ҷумҳурии Тотористони Россия

25.05.2022 11:29

18-21 майи соли 2022 Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода ба шаҳри Қазони Ҷумҳурии Тотористони Федератсияи Россия сафари корӣ анҷом дод.

Зимни сафари худ роҳбари Намояндагии дипломатӣ дар маросими кушодашавии Намоишгоҳи 13-уми байналмилалии иқтисодӣ “Россия- ҷаҳони Ислом”, ки дар Маркази намоишгоҳи байналмилалии “Kazan Expo” баргузор гардид, иштирок намуд.

Дар он намоишгоҳ, Д. Гулмаҳмадзода бо маҳсулоти хӯрокворӣ, ғайриозуқа, савдои яклухт ва чакана, саноат, муҳандисӣ, сохтмон, мӯд ва зебоӣ, сайёҳӣ, IT технология ва тандурустӣ  шиносоӣ пайдо намуд.

Дар доираи сафари кории худ Сафири Тоҷикистон ҳамчунин дар мулоқоти Президенти Тотористон Р.Миниханов бо сафирони фавқулода ва мухтори давлатҳои хориҷӣ дар Федератсияи Россия ширкат варзид. Зимни он мулоқот Р. Минниханов барои иштироки сафирон дар кори намоишгоҳи зикргардида изҳори сипос намуда, таъкид кард, ки барои Россия ҳамкорӣ бо ҷаҳони Ислом яке аз муҳимтарин самтҳои сиёсати хориҷӣ ба ҳисоб меравад.

Ҳамчунин дар чаҳорчӯби “Kazan Summit – 2022” 20 майи соли ҷорӣ роҳбари Намояндагии дипломатӣ дар ҷаласаи XII Гурӯҳи дидгоҳи стратегии "Россия - ҷаҳони Ислом", ки бахшида 1100-солагии расман кабул шудани дини Ислом дар Булғорияи Волга баргузор гардид, иштирок намуд.

 Зимни чорабинӣ роҷеъ ба  таҷрибаи Россия дар ҳифз кардани гуногунии этникӣ ва фарҳангӣ, ҳамоҳангии байни миллатҳо ва мазҳабҳо кафолати таҳкими ҳувияти умумии шаҳрвандӣ табодули афкор сурат гирифт.

Ҳамчунин, дар доираи  сафари хеш роҳбари Намояндагии дипломатӣ  бо донишҷӯёни Тоҷикистон, ки дар мактабҳои олии таълимии ш. Қазон таҳсил менамоянд, мулоқот анҷом дод. Ба донишҷӯён дар бораи рушди иҷтимоӣ ва иқтисодии кишвар дар давраи муосир маълумот дода шуд. Ҳамзамон ғамхорӣ ва дастгирии доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти фароҳамсозии шароити мусоид барои таҳсил ва рушди минбаъдаи ҷавонон махсус таъкид карда шуд.

20 майи соли ҷорӣ Д. Гулмаҳмадзода бо ҳамватанони муқими шаҳри Қазон  мулоқот доир намуд. Дар вохӯрӣ роҳбари Намояндагии дипломатӣ  нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастовардҳои ҷумҳурӣ дар соҳаҳои гуногун ва таҳкимёбии нақши кишвар дар арсаи байналмилалиро шарҳ дод.

Ҳамзамон, доир ба тадбирҳои Ҳукумати Тоҷикистон дар ҳалли як қатор масъалаҳои марбут ба вазъи муҳоҷирони меҳнатӣ ва ҳифзи ҳуқуқи онҳо маълумот дода шуд.

Хадамоти матбуоти Сафорати Тоҷикистон дар Россия

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg