Мулоқоти Сафири Тоҷикистон бо Сафири Исландия

25.05.2022 16:48

17 майи соли 2022 вохӯрии Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Исландия дар Федератсияи Россия Арни Тор Сигурдссон баргузор гардид.

Дар рафти суҳбат ҷонибҳо дурнамои муносибатҳои ду кишварро дар соҳаҳои гуногуни мавриди таваҷҷуҳ, аз ҷумла таҳкими ҳамкориҳо дар бахшҳои иқтисоду савдо, сайёҳӣ, энергетикӣ ва сармоягузорӣ баррасӣ намуданд.

Дар зимн,  ба таваҷҷуҳи ҳамсуҳбат дар бораи имкониятҳои сармоягузории Тоҷикистон, ба вежа  дар соҳаи энергетикии кишвар маълумот пешниҳод гардид.

Ҳамчунин, дар рафти мулоқот оид ба Конгресси 6-уми байналмилалӣ ва Намоишгоҳи байналмилалии «Гидроэнергетикаи Осиёи Марказӣ ва Баҳри Хазар 2022», ки аз 25 то 27 майи соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор мегарданд, табодули афкор сурат гирифт. Роҳбари Намояндагии дипломатии Исландия дар навбати худ омодагии Ҳукумати кишварашро  ҷиҳати сафарбар намудани ҳайат  барои иштирок дар чорабиниҳои  болозикр ба шаҳри Душанбе изҳор кард.

Хадамоти матбуоти Сафорати Тоҷикистон дар Россия

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg