23 майи соли 2022 Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо Сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Федератсияи Россия Козим Ҷалолӣ мулоқот анҷом дод.
Ҷонибҳо бо изҳори қаноатмандӣ аз ваъзи кунуни ҳамкориҳои ду кишвар, ҳамдигарро ба муносибати 30-юмин солгарди истиқрори муносибатҳои дипломатӣ табрику таҳният гуфтанд.
Дар рафти суҳбат ҳамсуҳбатон дурнамои муносибатҳои ду кишварро дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла таҳкими ҳамкориҳо дар бахшҳои иқтисоду савдо, фарҳангию гуманитарӣ ва сайёҳию тандурустӣ баррасӣ намуданд.
Ҳамчунин тарафҳо назари хешро нисбат ба мавзӯҳои минтақавӣ ва байналмилалии мавриди эҳтимоми муштарак иброз доштанд.
Мусоҳибон бо таъкид ба пайвастагии мардумони ду кишвар аз лиҳози арзишҳои муштараки таърихию фарҳангӣ, омодагиро ҷиҳати мусоидат ба рушди ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва таҳкими муносибатҳои дӯстона миёни Тоҷикистон ва Эрон иброз намуданд.
Хадамоти матбуоти Сафорати Тоҷикистон дар Россия