Мулоқоти Сафири Тоҷикистон дар Россия бо Сафири навтаъйини Россия дар Тоҷикистон

02.09.2022 15:42

1 сентябри соли 2022 мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо Сафири навтаъйини Фавқулода ва Мухтори Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Семен Вячеславович Григорьев баргузор гардид.

Д. Гулмаҳмадзода ба муносибати таъйин гардидан ба сифати Сафири Федератсияи Россия  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  С.В. Григорьевро табрик намуда, дар ин рисолати муҳим ба ӯ комёбиҳо таманно кард.

Зимни суҳбат  дар фазои анъанавии ҳусни эътимоду созанда, роҳбарони намояндагиҳои дипломатӣ вазъи кунунӣ ва дурнамои тамоми маҷмӯи шарикии стратегӣ ва муносибатҳои  ҳампаймонии Тоҷикистону Россияро мавриди баррасӣ қарор доданд.

02-09-2022.jpg

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg