Мулоқоти Сафири Тоҷикистон бо Вазири варзиши Россия

12.09.2022 12:08

9 сентябри соли 2022 мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Д.Гулмаҳмадзода бо Вазири варзиши Россия Олег Матитсин баргузор гардид.

Дар оғози мулоқот О.Матитсин Д.Гулмаҳмадзодаро ба муносибати Рӯзи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфта, ба мардуми тоҷик рӯзгори обод ва шукуфоӣ таманно намуд.

Зимни мулоқот миёни ҷонибҳо перомуни  рушди ҳамкориҳои Тоҷикистону Россия дар соҳаи варзиш табодули афкор сурат гирифт. Дар зимн, мусоҳибон  дурнамои таҳкими робитаҳои варзиширо дар доираи СҲШ мавриди баррасӣ қарор доданд.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg