14 сентябри соли 2022 мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо Сафири навтаъйини Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Беларус дар Федератсияи Россия Дмитрий Крутой баргузор гардид.
Д. Гулмаҳмадзода Дмитрий Крутойро ба муносибати таъйин гардидан ба вазифаи Сафири Ҷумҳурии Беларус дар Федератсияи Россия табрик намуда, дар ин рисолати муҳим ба ӯ комёбиҳо таманно кард.
Дар рафти мулоқот ҷонибҳо доираи васеи масъалаҳои рушди муносибатҳои дуҷониба, густариши робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, ҳамкорӣ дар соҳаҳои тандурустӣ, маориф, ба вежа омода намудани кадрҳои баландихтисос ва имконияти таъсиси корхонаҳои муштараки саноатиро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ҳамчунин миёни ҳамсуҳбатон роҷеъ ба масоили муҳими рӯзномаи байналмилалӣ табодули афкор сурат гирифт.