Дар шаҳри Душанбе Форуми байналмилалии сармоягузории «Тоҷикистон-Россия» доир шуд

15.09.2022 19:06

15 сентябри соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе Форуми байналмилалии сармоягузории «Тоҷикистон-Россия» доир гардид.

Аз рӯи  натиҷаҳои форуми номбурда миёни доираҳои тиҷоратии Тоҷикистон ва Россия дар самти таъсиси корхонаҳои муштарак ва хизматрасонӣ санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд.

Дар кори форум Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Саъдӣ Қодирзода, муовини Вазири рушди иқтисоди Федератсияи Россия Дмитрий Волвач,  намояндагони вазорату идораҳо, доираҳои корӣ, коршиносон ва таҳлилгарон иштирок намуданд.

Зимни форум ҷонибҳо имконияти сармоягузории Тоҷикистон ва Россияро муаррифӣ намуда, ташаббус ва моделҳои нави ҳамкории сармоягузориро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Дар доираи форум роҳбарони вазорату идораҳои соҳавӣ, соҳибкорон ва роҳбарони ширкатҳои бонуфузи ҳарду ҷониб соҳаҳои афзалиятноки қобили таваҷҷуҳро муаррифӣ карданд.

Мақсад аз баргузории форум-ин густариши ҳамкории тиҷоративу сармоягузорӣ, инчунин муаррифии имконияти сармоягузорӣ мебошад.

15-09-2022.jpg

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg