Таҷлили 30 солагии иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Москва

16.11.2022 12:02

15 ноябри соли 2022 дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 30-умин солгарди Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Парчами давлатӣ бо иштироки ҳайати кормандони Намояндагии дипломатӣ ва намояндагони тамоми сохторҳои давлатии Тоҷикистон дар Россия ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид.
Сафири Тоҷикистон дар Россия Давлатшох Гулмаҳмадзода зимни суханронӣ ҳозиринро ба муносибати ин ҷашнҳои муҳими давлатӣ табрик намуда, аҳамияти таърихию тақдирсози Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро қайд кард. 
Дар зимн нақши муҳими Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар таъмини соҳибихтиёрии Тоҷикистон, истиқлолият ва тамомияти арзии он махсусан  зикр гардид.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg