16 ноябри 2022 дар Москва мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Д. Гулмаҳмадзода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Иттиҳоди Аврупо Р. Галараг баргузор гардид.
Дар ҷараёни мулоқот роҳбарони намояндагиҳои дипломатӣ дар фазои дӯстона масъалаҳои мубрами муносибатҳо, инчунин роҳҳои имконпазири рушди минбаъдаи ҳамкории Тоҷикистон ва кишварҳои Иттиҳоди Аврупоро баррасӣ карданд.
Ҷонибҳо роҷеъ ба масъалаҳои байналмилалии мавриди таваҷҷуҳи тарафайн, вазъи амниятӣ дар Осиёи Марказӣ ва Аврупо, инчунин чорабиниҳои байналмилалӣ, ки барои солҳои 2022-2023 ба нақша гирифта шудаанд, табодули афкор намуданд.