Роҷеъ  ба ҳалокати се  нафар шаҳрванди Тоҷикистон дар вилояти Москва

14.12.2022 16:02

saforat-bino.jpg

Сафорати  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  Федератсияи Россия вобаста ба марги  се  нафар шаҳрванди Тоҷикистон,  ки 13 декабри  соли ҷорӣ дар  хонаи истиқоматии воқеъ дар ноҳияи Раменскийи вилояти Москва дар натиҷаи заҳролудшавӣ аз гази табиӣ  ба  ҳалокат расиданд, хабардор  буда, ҳамдардии амиқи хешро ба наздикони фавтидагон  изҳор менамояд.
Қазияи мавриди назар таҳти пайгирии Сафорат қарор дошта, ба наздикону пайвандони  фавтидагон  тамоми кӯмакҳои зарурӣ расонида мешаванд.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg