Намояндагии дипломатии Тоҷикистон дар Россия дар мавриди ҳалокати шаҳрвандони Тоҷикистон бар асари садамаи нақлиётӣ, ки 9 январи соли ҷорӣ дар шаҳри Братски вилояти Иркутски Федератсияи Россия рух додааст, дар ҷараён буда, бо таассуф қайд менамояд, ки аз чор нафар ҳалокшудагон ду нафарашон шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд ва ҳамдардиашро ба наздикони фавтидагон изҳор менамояд. Шахсияти ду нафар ҳалокшудагон аз ҷониби Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Новосибирск дар ҳамкорӣ бо мақомоти дахлдори кишвари иқомат муайян шуда истодааст.
Консулгарии генералии Тоҷикистон дар шаҳри Новосибирск барои расонидани кӯмакҳои зарурӣ ба наздикону пайвандони ҳалокшудагон ва интиқол додани ҷасадҳо ба Ватан изҳори омодагӣ намуд.
Қазияи мавриди назар таҳти пайгирии Сафорат ва Консулгарии генералии Тоҷикистон дар Новосибирск қарор дорад.