Ҷаласаи навбатии Шӯрои ҷамъиятии назди Сафорати Тоҷикистон дар Россия

27.01.2023 18:48

27 январи   соли 2023 дар шаҳри Москва ҷаласаи навбатии Шӯрои ҷамъиятии назди Сафорати Тоҷикистон дар Россия бо роҳбарии Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода баргузор шуд. Дар ин ҷаласа роҳбарони ташкилотҳои ҷамъиятии тоҷикони муқими Россия, намояндагону фаъолони ҷамъиятҳо, чеҳраҳои маъруфи аҳли зиё ва доираҳои соҳибкорон аз ҳисоби ҳамватанони муқим, инчунин консулҳои генералии Тоҷикистон дар минтақаҳои Россия иштирок карданд.

Зимни суханронии хеш Сафири Тоҷикистон  роҷеъ ба  нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастовардҳои ҷумҳурӣ дар соҳаҳои гуногун ва таҳкимёбии нақши кишвар дар арсаи байналмилалӣ, ҳусни ҳамҷаворию дӯстӣ дар минтақа, муносибатҳои иттифоқӣ ва фарогири дӯстонаи Тоҷикистону Россия ба аҳли нишаст маълумоти муфассал пешниҳод кард.

Сафири Тоҷикистон ҳамчунин дастовардҳои назарраси даврони истиқлолияти давлатиро таъкид карда, аз ҳамватанони муқими Россия баҳри таҳкими минбаъдаи робитаҳо ва рушди ҳамкориҳои иқтисодию фарҳангӣ, инчунин тарбияи ҷавонон дар руҳияи ваҳдати миллӣ ва меҳанпарастӣ ба мақсади пешгирии амалҳои номатлуб  даъват ба амал овард.

Ҳамчунин дар рафти ҷаласа ҳисоботу гузоришҳо оид ба корҳои анҷомдодашуда,  таклифҳои консулҳои генералӣ ва аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ шунида шуд.
Сафир аз роҳбарони созмонҳои ҷамъиятии тоҷикон ва ҳамватанон даъват ба амал овард, ки  дар рушду равнақи Тоҷикистон, корҳои ободониву  созандагӣ, баргузор намудани чорабиниҳои муштараки илмию фарҳангӣ ва варзишӣ бо мақсади арзанда истиқбол гирифтани 35-солагии Истиқлолияти давлатии кишвар саҳмгузор бошанд.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg