Сафорати Тоҷикистон дар Россия аз фавти шаҳрванди ноболиғи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Ленингради Федератсияи Россия, ки 25 январи соли равон бар асари бемории сурхча даргузашт, дар ҷараён буда, ҳамдардиашро ба наздикони фавтида изҳор менамояд.
Бо мусоидати Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербург ва ҷамъияти тоҷикон ҷасади шаҳрванди фавтида ба Ватан интиқол дода шуд.
Қазияи болозикр таҳти пайгирии Сафорат ва Консулгарии генералии Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербург қарор дорад.