Вобаста ба ҳалокати як нафар ҷавони тоҷик дар вилояти Саратови Россия

31.01.2023 10:51

saforat-photo.jpg

Намояндагии дипломатии Тоҷикистон дар Россия аз ҳалокати  як нафар   ҷавони    тоҷик, ки  шаби 27 январи соли ҷорӣ дар наздикии деҳаи Нов дар шоҳроҳи Ершов-Озинки  бар асари  садамаи нақлиётӣ   даргузашт, хабардор буда, ҳамдардии хешро ба наздикони марҳум изҳор менамояд.
Қобили қайд аст, ки ҳамчунин бар асари ин ҳодисаи нохуш 1 нафар ҷавони тоҷик ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошт.

Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Уфаи Федератсияи Россия  барои расонидани кӯмакҳои зарурӣ ба наздикону пайвандони  марҳум ва осебдида  изҳори омодагӣ кард.

Қазияи мазкур таҳти пайгирии Сафорат ва Консулгарии генералии Тоҷикистон дар шаҳри Уфа   қарор дорад.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg