Оид ба сар задани сӯхтор дар макони кори зодагони Тоҷикистон дар вилояти Владимир

15.03.2023 14:23

Сафорат аз ҷараёни   ҳодисаи сӯхтор, ки  дар макони кори муҳоҷирони меҳнатӣ, аз ҷумла зодагони Тоҷикистон  14 марти соли 2023 дар шаҳри Киржачи вилояти Владимир рух додааст, огоҳ буда, қазияи мазкурро таҳти пайгирӣ қарор додааст.

Қобили қайд аст, ки дар натиҷаи ҳодисаи сӯхтор миёни зодагони Тоҷикистон талафоти  ҷонӣ  ба қайд  гирифта нашудааст.

Хадамоти консулии Сафорат  ҷиҳати расонидани кӯмакҳои зарурӣ ба шаҳрвандони осебдида, аз ҷумла дар масъалаи барқарор намудани ҳуҷҷатҳояшон  изҳори омодагӣ кард.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg