Иштироки ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи Шӯрои иқтисодии ИДМ дар Москва

17.03.2023 17:50

17 марти соли 2023 ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ дар ҷаласаи Шӯрои иқтисодии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок кард.

Сарони ҳайатҳо оид ба масъалаҳои мубрами ҳамкории иқтисодӣ дар доираи ИДМ табодули афкор намуда, лоиҳаҳои санадҳоро, ки ҷиҳати таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳо дар соҳаҳои гуногуни иқтисод ва соҳаи иҷтимоӣ равона шудаанд, ба мувофиқа расониданд.

Роҷеъ ба ҳамаи масъалаҳои рӯзномаи ҷаласа қарорҳои дахлдори Шӯро қабул гардиданд.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg