Аз 16 то 18 марти соли ҷорӣ дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «MITT- 2023» баргузор гардид, ки дар он намояндагони Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо ширкатҳои сайёҳӣ ва осоишгоҳу табобатгоҳҳои кишварамон имконияти сайёҳии ҷумҳуриро муаррифӣ намуданд.
Дар намоишгоҳи мазкур гӯшаи сайёҳии Тоҷикистон дар масоҳати 24 метри мураббаъ ташкил шуд, ки дар он иқтидори бойи табиӣ, сайёҳии табобатию солимгардонӣ ва имконияти машғулият бо намудҳои сайёҳии варзишию кӯҳнавардӣ, фарҳанги нодир ва тамаддуни қадимӣ инъикос гардид.
Мавриди зикр аст, ки иштирок дар чунин намоишгоҳи байналмилалӣ имкон медиҳад, ки ҷалби сайёҳони хориҷӣ ба ҷумҳурӣ бештар гардида, инчунин барои васеъ гаштани ҳамкорӣ бо давлатҳои аз ҷиҳати сайёҳӣ пешрафта заминаи мусоид фароҳам оварда шавад.