Сафорати Тоҷикистон дар Россия ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил кард

20.03.2023 08:28

19 марти соли 2023 дар шаҳри Москва, Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ба муносибати фарорасии ҷашни байналмилалии Наврӯз чорабинии тантанавӣ баргузор кард. 
Дар ин шоми нишоту суррур, дар саҳни толори тарабхонаи “Crystal Hall” аз ҷониби Сафорат намоишгоҳи таҷассумгари суннату оинҳои аҷдодии ҷашни Наврӯз ва зарфиятҳои сайёҳии Тоҷикистон ба маъраз гузошта шуд.  
Чорабинӣ бо суханронии табрикотии Сафири Тоҷикистон дар Россия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода шурӯъ шуд. Дар ибтидо, Роҳбари Намояндагии дипломатии Тоҷикистон иброз дошт, ки  Наврӯз  яке аз ҷашнҳои анъанавии қадима буда, аз фарҳанги ғании ориёӣ маншаъ мегирад ва сарчашмаи хурсандию хушбинӣ ва шодмонию умед мебошад. Тибқи Қатъномаи қабулнамудаи СММ зиёда аз даҳ сол мешавад, ки ин ҷашни бостонии ниёгон ҳамчун иди байналмилалӣ рӯзи 21 март бо шукӯҳу шаҳомати хосса дар қаламрави бузурги кишварҳои ҳавзаи Наврӯз таҷлил мегардад. 
Дар чорабинӣ  намояндагони мақомотҳои дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия, роҳбарони ташкилотҳои ҷамъиятии тоҷикони муқими кишвари иқомат, намояндагону фаъолони ҷамъиятҳо, чеҳраҳои маъруфи аҳли зиё, доираҳои соҳибкорон аз ҳисоби ҳамватанони муқим ва донишҷӯёни тоҷик иштирок намуданд.  
Дар доираи чорабинӣ ба меҳмонон барномаи ҷолиби консертӣ пешкаш гардид. Ҳунарнамоии устодони санъати тоҷик ҳозиринро дар фазои зебогӣ ва пурнишоти Наврӯз қарор дод. 
Ҳамзамон, ба меҳмонон анъанаҳои асосии ҷашни Наврӯз, аз ҷумла - "Ҳафт син ва Ҳафт шин" пешкаш гардиданд. 
Чорабинӣ дар фазои идона ва ҳусни тафоҳум баргузор гардид. 
Ҳамчунин худи ҳамин рӯз ба муносибати  Иди байналмилалии Наврӯз дар яке аз калонтарин майдонҳои шаҳри Москва «VK Stadium» бо иштироки беш  аз  5000 тамошобин Галла-консерти бошукӯҳ баргузор гардид. Дар чорабинӣ устодони санъат ва ситораҳои эстрадаи Тоҷикистон ҳунарнамоӣ карданд. 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg