Боздид аз Маркази нигаҳдории муваққатии шаҳрвандони хориҷӣ «Сахарово»

06.04.2023 16:44

5 апрели соли 2023 дар доираи таъмини ҳифзи ҳуқуқҳои шаҳрвандон кормандони Хадамоти консулии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия аз Маркази нигаҳдории муваққатии шаҳрвандони хориҷии Сарраёсати Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия воқеъ дар деҳаи Сахаровои  шаҳри Москва боздид ба амал оварданд.

Дар рафти боздид кормандони Сафорат бо  Роҳбари муассисаи мазкур Алексей Лагода мулоқот анҷом доданд. Зимни мулоқот масъалаҳои марбут ба интиқоли зудтари шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ватан ва шароити нигаҳдории онҳо дар ин муассиса мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Инчунин дар доираи боздид кормандони Сафорат  бо шаҳрвандони боздоштгардидаи Ҷумҳурии Тоҷикистон  вохӯрӣ анҷом доданд.  Дар рафти суҳбат ба шаҳрвандон доир ба талаботи қонунҳои амалкунандаи Федератсияи Россия дар самти муҳоҷират иттилоъ пешкаш гардида, ҷиҳати дар оянда такрор нашудани қонунвайронкуниҳо вобаста ба будубош дар қаламрави Россия тавсияҳо дода шуд.

Ҳамзамон ба шаҳрвандони Тоҷикистон як миқдор маводи ғизоӣ ва дигар маҳсулоти мавриди ниёз тақдим гардид.

Корҳо дар самти шиносоӣ бо шароити боздоштгоҳҳо, ҳуҷҷатгузорӣ ва баҳри ҳарчӣ зудтар ба Тоҷикистон фиристодани шаҳрвандони муваққатан боздоштгардида дар тамоми шаҳру вилоятҳои Федератсияи Россия мунтазам анҷом дода мешаванд.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg