Сафорати Тоҷикистон дар Россия дар мавриди ҳодисаи аз ошёнаи 4-уми як бино афтидани кӯдаки 2-солаи тоҷик, ки 9 апрели соли 2023 дар ноҳияи Тосненскийи вилояти Ленингради Федератсияи Россия ба вуқӯъ пайвастааст, хабардор буда, қазияи мазкурро таҳти пайгирӣ қарор додааст.
Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия барои расонидани кӯмакҳои зарурӣ ба кӯдаки осебдида изҳори омодагӣ намуд.