Роҷеъ ба марги  кӯдаки 2-солаи тоҷик дар  вилояти Ленингради Россия

13.04.2023 10:06

Сафорати  Тоҷикистон дар Россия аз ҳодисаи марги  кӯдаки 2-солаи тоҷик, ки бар асари афтидан аз  ошёнаи 4-уми бинои истиқоматӣ дар  ноҳияи Тосненскийи вилояти Ленингради Федератсияи Россия 12 апрели соли 2023 ба ҳалокат расид, дар ҷараён буда,  тасаллияти амиқи худро ба хешу пайвандони фавтида  изҳор менамояд.

Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия  барои расонидани кӯмакҳои зарурӣ ба наздикону пайвандони  фавтида ҷиҳати интиқол додани ҷасад  ба Ватан изҳори омодагӣ намуд.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg