Ҷаласаи Шӯрои Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил

14.04.2023 11:48

13 апрели соли 2023 ҷаласаи Шӯрои Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид, ки ҳайати расмии парламентии  Тоҷикистон таҳти роҳбарии Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ва муовини аввали Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумхурии Тоҷикистон Раҷаббой Аҳмадзода дар кори он ширкат варзиданд.  

Аъзои Шӯро рӯзномаи онро тасдиқ намуда, 21 масъаларо баррасӣ ва қабул карданд.

Дар кори ҷаласаи Шӯрои Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил раисони кумитаҳои Маҷлиси миллӣ, намояндагон ва намояндаи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қароргоҳи Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок намуданд.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg