Баргардонида шудани шаҳрванди Тоҷикистон ба Ватан

22.04.2023 10:20

21 апрели соли 2023 бо ташаббуси Хадамоти консулии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия 1 нафар  шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бинобар  манъи вуруд доштан  дар минтақаи Донетск дармонда буд, ба шаҳри Сочии Федератсияи Россия интиқол ёфта, бо хатсайри Сочи-Москва-Душанбе  ба Ватан баргардонида шуд.
Зимни сафар ба Тоҷикистон ба шаҳрванд аз ҷониби Сафорат ҳамаи кумакҳои зарурӣ расонида шуданд.
Ҳамзамон Сафорат ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба кишвари иқомат манъи вуруд доранд, тавсия медиҳад, ки барои убури сарҳад аз минтақаҳои мазкур худдорӣ намоянд.

22-04-20223.jpg

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg