Иштироки Сафири Тоҷикистон дар Россия дар Намоишгоҳи сармоягузории Кавказ

04.05.2023 17:37

3-4 майи соли 2023 Сафири Тоҷикистон дар Россия Д. Гулмаҳмадзода дар Намоишгоҳи сармоягузории Кавказ - 2023 дар ш. Минералние Води иштирок варзид.

Дар доираи чорабинӣ роҳбари Намояндагии дипломатӣ аз кори намоишгоҳ ва стендҳои минтақаҳои округи федералии Кавкази Шимолии Федератсияи Россия шинос шуданд.

Дар ҳошияи чорабинии мазкур як қатор вохӯрӣ бо намояндагони мақомоту идораҳо ва ширкатҳои гуногуни округи федералии Кавкази Шимолӣ баргузор гардид, ки дар рафти онҳо масъалаи ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва ташкили корхонаҳои муштарак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ гардид.

Дар баробари ин, Сафири Тоҷикистон Д. Гулмаҳмадзода бо роҳбарияти якчанд донишгоҳҳои округи федералии Кавкази Шимолӣ вохӯрӣ намуд. Дар рафти суҳбатҳо масъалаи омода намудани мутахассисони баландихтисос, бо дарназардошти таҷрибаомӯзии онҳо дар ширкатҳои минтақавӣ, ҳамчунин шартҳои таълиму будубошашон мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

Хадамоти матбуоти Сафорати Тоҷикистон дар Россия

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg