ШАРҲИ НИЗОМИ СУҒУРТАИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОЛИ 2022

05.05.2023 10:42

Ба ҳолати 31 декабри соли 2022 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳоди хизматрасониҳои суғуртавӣ аз ҷониби 16 ташкилоти суғуртавӣ амалӣ карда мешавад, ки аз онҳо 1 ададро ташкилоти суғуртавии давлатӣ (дар шакли КВД) ва 15 ададро ташкилотҳои суғуртавии ғайридавлатӣ ташкил медиҳанд. Теъдоди филиалҳои ташкилотҳои суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) бошад, дар давраи ҳисоботӣ 67 ададро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 5 адад кам мебошад.

Дар давоми соли 2022 бо қарорҳои Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон барои анҷом додани фаъолияти суғуртавӣ ба ташкилотҳои суғуртавии ҶДММ “ДС Суғурта” ва ҶДММ “ТС Бима Ҳаёт” иҷозатнома дода шуда, муҳлати амали иҷозатномаи ҶДММ “ТС Итминон” тамдид гардид. Бинобар сабаби тағйир ёфтани ном ва маҳалли ҷойгиршавӣ иҷозатномаҳои ҶДММ “ТС Сипаҳр”, ҶДММ ТСА “Спитамен Иншуранс”, ҶДММ “ТС Такаффул”, ҶДММ “Суғуртаи асри 21” ва ҶДММ “ТC Бима Ҳаёт” аз нав ба расмият дароварда шуданд.

Инчунин, дар соли 2022 бинобар сабаби ба анҷом расидани муҳлати амали иҷозатномаи ҶСП “ТС Кафил” бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон амали иҷозатномаи он қатъ карда шуд.

Дар соли ҳисоботӣ бо қарорҳои Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон ба ташкилотҳои аудитории ҶДММ “КРОУ ХОРВАТ ЭЙСИҶИ” ва ҶДММ “Крестон АС” барои анҷом додани фаъолияти аудиторӣ дар бахши аудити ташкилотҳои суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) иҷозатномаҳо дода шуданд.

 

 

Ҷадвали 1. Шумораи ташкилотҳои суғуртавӣ

(азнавсуғуртакунӣ) ва филиалҳои онҳо дар соли 2022

                                                                                                               (бо адад)

 

2021

2022

Тағйирот (+/-)

Ташкилотҳои суғуртавӣ

19

16

-3

        Ташкилотҳои суғуртавии давлатӣ

2

1

-1

        Ташкилотҳои суғуртавии ғайридавлатӣ

17

15

 -2

 

Филиалҳои ташкилотҳои суғуртавӣ

 

72

 

67

 

-5

 

Дороиҳои ташкилотҳои суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) дар соли 2022 ба 612,2 млн. сомонӣ баробар шуданд, ки нисбат ба соли гузашта 86,3 млн. сомонӣ (16,4 фоиз) зиёд мебошанд, ки аз онҳо дороиҳои пардохтпазир (дар шакли воситаҳои пулӣ, пасандозҳои бонкӣ ва сармоягузорӣ) 507,6 млн. сомониро ташкил дода, ба 82,9 фоизи ҳаҷми умумии дороиҳо баробар шуд.

Дар маҷмуъ саҳми дороиҳои низоми суғурта нисбат ба дороиҳои умумии низоми молиявии кишвар дар давраи баррасишаванда ба 1,9 фоиз баробар шуда, нисбат ба ММД бошад, 0,5 фоизро ташкил дод.

        Дар соли 2022 уҳдадориҳои тавозунии ташкилотҳои суғуртавии (азнавсуғуртакунии) кишвар ба маблағи 225,9 млн. сомонӣ баробар шуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 ба андозаи 20,4 млн. сомонӣ (9,9 фоиз) зиёд мебошад.

        Маблағҳои худии (сармояи)[1] низоми суғуртаи кишвар дар соли 2022 ба 386,3 млн. сомонӣ баробар шуда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 65,9 млн. сомонӣ (20,6 фоиз) зиёд гардидааст. Ин афзоиш дар самти устувории молиявӣ ва пардохтпазирии ташкилотҳои суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) яке аз афзалиятҳои муҳим арзёбӣ мегардад.

Сармояи (фонди) оинномавии ташкилотҳои суғуртавӣ бошад, дар санаи 31 декабри соли 2022 маблағи 279,5 млн. сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин санаи соли 2021 ба андозаи 43,9 млн. сомонӣ (18,6 фоиз) афзоиш ёфтааст.

        Миқдори умумии шартномаҳои басташуда дар соли 2022 ба             2 114,5 ҳазор адад баробар шуд, ки дар муқоиса ба соли гузашта ба миқдори 143,8 ҳазор адад (7,3 фоиз) зиёд мебошад. Ин раванд аз он шаҳодат медиҳад, ки таваҷҷуҳи аҳолӣ ба суғурта сол то сол бештар гардида, маърифатнокии молиявӣ дар кишвар то андозае баланд шуда истодааст.

           Ҳаҷми умумии мукофоти суғуртавӣ (ҳаққи суғуртавӣ) дар давоми моҳҳои январ-декабри соли 2022 маблағи 305,9 млн. сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 ба маблағи 19,5 млн. сомонӣ (6,8 фоиз) афзоиш ёфтааст.

          Уҳдадориҳои базиммагирифтаи ташкилотҳои суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) дар давраи баррасишаванда 105,6 млрд. сомониро ташкил доданд, ки он дар муқоиса ба соли 2021 ба маблағи 698,7 млн. сомонӣ (0,7 фоиз) зиёд шудааст.

        Дар робита ба ин, хавфҳои ба азнавсуғуртакунӣ интиқолдодаи ташкилотҳои суғуртавӣ дар соли 2022 маблағи 68,0 млрд. сомониро ташкил намуданд, ки нисбат ба соли 2021 ба маблағи 5,7 млрд. сомонӣ (7,7 фоиз) коҳиш ёфтаанд.

        Мукофоти суғуртавии (ҳаққи суғуртавии) ба азнавсуғуртакунӣ интиқолдодаи низоми суғурта бошад, дар соли 2022 ба маблағи 71,5 млн. сомонӣ баробар шуда, ин нишондиҳанда дар қиёс ба соли қаблӣ 11,7 млн. сомонӣ (14,1 фоиз) кам мебошад. Ин раванд аз як тараф ба устувории молиявӣ ва пардохтпазирии ташкилотҳои суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) таъсири мусбат расонида, аз тарафи дигар бошад, боиси сари вақт амалӣ гардидани пардохту ҷубронҳои суғуртавӣ мегардад.

        Ташаккулёбӣ ва мавҷудияти захираҳои суғуртавӣ, ки далели саривақт иҷро гардидани уҳдадориҳои ташкилотҳои суғуртавӣ мебошанд, дар соли ҳисоботӣ 170,7 млн. сомониро ташкил доданд, ки дар муқоиса ба соли 2021 ба андозаи 488,0 ҳаз. сомонӣ (0,3 фоиз) зиёд мебошад.

        Лозим ба ёдоварист, ки раванди ташаккулдиҳии захираҳои суғуртавӣ дар ташкилотҳои суғуртавии (азнавсуғуртакунии) кишвар дар соли ҳисоботӣ то андозае таъмин гардидааст. 

        Пардохти суғуртавӣ (ҷуброни суғуртавӣ) дар соли сипаришуда тамоюли болоравиро касб намуда, ба 26,3 млн. сомонӣ баробар шуд, ки нисбат ба соли 2021 ба андозаи 4,0 млн. сомонӣ (17,9 фоиз) зиёд мебошад.    

             Ҳаҷми пасандозҳои ташкилотҳои суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) дар низоми бонкии кишвар дар соли 2022 маблағи 43,3 млн. сомониро ташкил дод, ки нисбат ба соли қаблӣ дар ҳаҷми 9,2 млн. сомонӣ (27,0 фоиз) афзоиш ёфтааст ва раванди мазкур барои равонасозии сармоягузориҳо ба бахшҳои гуногуни иқтисодиёти кишвар мусоидат менамояд.

             Фоидаи софи ташкилотҳои суғуртавӣ аз рӯи натиҷаҳои соли ҳисоботӣ ба 77,8 млн. сомонӣ баробар шуд, ки дар муқоиса ба соли гузашта ба маблағи 15,8 млн. сомонӣ (25,4 фоиз) зиёд мебошад.

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg