3 майи соли 2023 Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Россия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо Роҳбари Ҷумҳурии Осетияи Шимолӣ-Аланияи Россия С. Меняйло мулоқот анҷом дод.
Дар рафти вохӯрӣ масоили таҳкими ҳамкорӣ ва таҳияи созишномаҳо миёни минтақаҳои Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Осетияи Шимолӣ-Алания дар соҳаҳои маориф, илм ва сайёҳӣ мубодилаи афкор сурат гирифт. Инчунин ҷонибҳо омодагӣ ба ҳамкории ҳаматарафа дар ҷабҳаҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ, фарҳангу башардӯстӣ ибрози ақида намуданд.
4 майи соли 2023 дар чаҳорчӯбаи сафари худ ба ш. Владикавказ Д. Гулмаҳмадзода бо Ректори Институти кӯҳию металлургии Қафқози Шимолӣ (Донишгоҳи давлатии технологӣ) И. Алексеев ва донишҷӯёни тоҷики мактабҳои олии ш. Владикавказ мулоқот анҷом дод.
Дар рафти мулоқот ҳамсуҳбатон масъалаи омода намудани мутахассисони баландихтисоси соҳаи саноати кӯҳӣ-металлургӣ ва рушди ҳамкориҳо дар бахши маориф ва илм миёни донишкадаҳои Тоҷикистон ва ин донишгоҳ баррасӣ гардид.
Зимни вохӯрӣ бо донишҷӯён Д. Гулмаҳмадзода ҳозиринро аз рушди иқтисодӣ-иҷтимоӣ ва дастовардҳои кишвар дар сатҳи байналмилалӣ, махсусан аз ташаббусҳои обии Тоҷикистон ва иштироки роҳбарияти олӣ дар конфроси об дар ш. Ню-Йорк хабардор намуд.
Ҳамзамон ғамхорӣ ва дастгирии доимии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти фароҳамсозии шароити мусоид барои таҳсил ва худтакмилдиҳии минбаъдаи ҷавонон махсус таъкид карда шуд.
Хадамоти матбуоти Сафорати Тоҷикистон дар Россия