4 майи соли 2023 года Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо роҳбарони созмонҳои ҷамъиятии тоҷикон ва ҳамватанони муқими округи федералии Қафқози Шимолии Россия вохӯрӣ анҷом дод.
Дар рафти вохӯрӣ доир ба дастовардҳои ҷумҳурӣ дар соҳаҳои гуногун ва таҳкимёбии нақши кишвар дар асраи байналмилалӣ, аз он ҷумла оид ба ташаббусҳои ҷаҳонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба соҳаи об ва иштирокашон дар Конфронси СММ оид ба шарҳи фарогири миёнамуҳлати ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» ба ҳозирин маълумот пешниҳод гардид. Ҳамчунин тадбирҳои аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон андешидашуда дар самти ҳалли маҷмӯи масъалаҳои марбут ба муҳоҷирати меҳнатӣ ва ҳифзи ҳуқуқи онҳо дар хориҷи кишвар қайд гардид.
Ҳамзамон аз роҳбарони созмонҳои ҷамъиятии тоҷикон ва ҳамватанон даъват ба амал оварда шуд, ки дар корҳои тадорукотии Тоҷикистон баҳри азранда истиқбол гирифтани 35-солагии истиқлолияти давлатии кишвар фаъолона ширкат варзанд.
Дар баробари ин, аз намояндагони ташкилоту ҷамъиятҳо ҷиҳати тақвият додани равобит ва ҳамкориҳо бо ҳамватанон, ҳамзамон ҷилавгирӣ аз шомилият дар созмонҳои экстремистӣ ва риояи қонунҳои кишвари иқомат таъкид карда шуд.
Дар фарҷоми мулоқот бо ҳамватанон мусоҳиба дар робита ба тартиби ҳуҷҷатнигорӣ дар давлати иқомат ва дигар саволҳо роҷеъ ба фаъолияти консулӣ сурат гирифт.
Хадамоти матбуоти Сафорати Тоҷикистон дар Россия