Сафорат дар мавриди қазияи донишҷӯёни тоҷики Донишгоҳи Комсомолскии лаби Амури Россия ба таваҷҷуҳ мерасонад, ки ба мақсади ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишвари иқомат, гурӯҳи корӣ аз ҳисоби кормандони Сафорати Тоҷикистон дар Россия ва Консулгарии генералии Тоҷикистон дар шаҳри Новосибирск ба ҷойи ҳодиса-шаҳри Хабаровск сафарбар гардиданд.
Дар ҳошияи ин сафар кормандони Сафорат ва Консулгарии генералӣ бо донишҷӯёни тоҷик ҳамсуҳбат шуда, аз ҳолу аҳволи онҳо аз наздик ошноӣ пайдо намуданд.
Шумораи умумии осебдидагон 10 нафар мебошад, ки ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштаанд ва саломатиашон муътадил арзёбӣ мегардад. Бояд гуфт, ки аз тарафи Сафорат ва Консулгарии генералӣ ба донишҷӯёни осебдида ҳамаи кӯмакҳои зарурӣ расонида шуданд.
Айни ҳол қазияи мазкур аз ҷониби кормандони Сафорат ва Консулгарии генералӣ дар ҳамкории зич бо мақомотҳои дахлдори кишвари иқомат мавриди баррасӣ қарор дорад.
Қобили қайд аст, ки Сафорат барои ҳалли одилонаи қазияи мазкур дар доираи қонунҳои амалкунандаи кишвари иқомат талош хоҳад варзид.