Мулоқоти Сафири Тоҷикистон бо Ректори Донишгоҳи давлатии Доғистон ва ҳамватанони муқими Ҷумҳурии Доғистон

01.06.2023 17:13

31 майи соли 2023 Сафири Тоҷикистон дар Россия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо Ректори Донишгоҳи давлатии Доғистон М. Рабаданов, ҳайати омӯзгорону донишҷӯёни ин донишгоҳ, инчунин ҳамватанони муқими Ҷумҳурии Доғистон мулоқот намуд. Дар мулоқот Раиси шахри Зимни суҳбат  оид ба ҳамкории муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Доғистон, аз ҷумла омода намудани мутахассисони баландихтисос табодули афкор сурат гирифт.

Худи ҳамон рӯз дар Донишгоҳи давлатии Доғистон  бо ҳайати устодон ва донишҷӯён мулоқот доир  гардид. Сафири Тоҷикистон ба ҳозирин дар бораи рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон дар марҳалаи кунунӣ ва ташаббусҳои ҷаҳонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи об, аз  ҷумла аз ҷониби СММ эълон шудани  соли 2025 ҳамчун “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” маълумот дод. 

Сипас дар Донишгоҳи давлатии Доғистон вохӯрӣ бо ҳамватанон ва фаъолони диаспораи тоҷикон дар Ҷумҳурии Доғистон баргузор гардид. Ба ширкаткунандагон нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» тавзеҳ дода шуд. 

Сафир аз фаъолони диаспораи тоҷикон ва ҳамватанон даъват ба амал овард, ки дар корҳои тадорукотии Тоҷикистон баҳри арзанда истиқбол гирифтани 35-солагии Истиқлолияти давлатии кишвар фаъолона ширкат варзанд. Ҳамчунин аҳаммияти риояи қонунҳо ва қоидаҳои будубош дар Россия таъкид карда шуд.

 Ҳамзамон доир ба тадбирҳои аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон андешидашуда дар самти ҳалли як қатор масъалаҳои марбут ба муҳоҷирони меҳнатӣ ва ҳифзи ҳуқуқҳои онҳо маълумот пешкаш гардид.

Дар фарҷоми вохӯрӣ ҳамватанон суолу дархостҳои гуногун пешниҳод карда, аз ҷумла перомуни масъалаи  ҳуҷҷатгузорӣ дар кишвари иқомат ва дигар пурсишҳо посух гирифтанд.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg