3 июни соли 2023 Сафири Тоҷикистон дар Россия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо ҳамватанони муқими вилояти Краснодари Федератсияи Россия мулоқот намуд.
Ба ширкаткунандагон нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» тавзеҳ дода шуд.
Сафири Тоҷикистон аз фаъолони диаспораи тоҷикон ва ҳамватанон даъват ба амал овард, ки дар корҳои тадорукотии Тоҷикистон баҳри арзанда истиқбол гирифтани 35-солагии истиқлолияти давлатии кишвар фаъолона ширкат варзанд. Ҳамчунин аҳаммияти риояи қонунҳо ва қоидаҳои будубош дар Россия таъкид карда шуд.
Ҳамзамон, доир ба тадбирҳои аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳалли як қатор масъалаҳои марбут ба муҳоҷирони меҳнатӣ ва ҳифзи ҳуқуқҳои онҳо андешидашуда маълумот пешкаш гардид.
Дар фарҷоми вохӯрӣ ҳамватанон суолу дархостҳои гуногун пешниҳод карда, аз ҷумла перомуни масъалаи ҳуҷҷатгузорӣ дар кишвари иқомат ва дигар пурсишҳо посух гирифтанд.
Хадамоти матбуоти Сафорати Тоҷикистон дар Россия