Дар Душанбе тавсеаи робитаҳои парлумонии Тоҷикистон ва Россия баррасӣ карда шуд

18.06.2023 14:39

14 июни соли 2023 раиси кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Саидмурод Фаттоҳзода бо ҳайати вакилони Думаи давлатии Федератсияи Россия таҳти раёсати муовини Раиси Кумитаи дифои Думаи давлатӣ, ҳамоҳангсози гурӯҳи вакилон оид ба робита бо парлумони Ҷумҳурии Тоҷикистон Юрий Швиткин мулоқот намуд.

Дар мулоқот равобити дуҷонибаи Тоҷикистон ва Россия дар ҳамаи заминаҳо, бахусус ҳамкории парлумонӣ баррасӣ карда шуд.

Иброз гардид, ки боздиди вакилон аз давлатҳои ҳамдигар ба тавсеаи ҳамкории дуҷониба дар тамоми арсаҳо заминаи мусоид фароҳам овард.

Ҷонибҳо ба густариши минбаъдаи робитаҳои парлумонии ду давлат дар тамоми самтҳо изҳори умедворӣ намуданд.

Дар мулоқот ҳамчунин аъзои гурӯҳи дӯстии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Думаи давлатии Федератсияи Россия иштирок намуданд.

Худи ҳамон рӯз раиси кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Насиба Содиқӣ бо ҳайати вакилони Думаи давлатии Федератсияи Россия мулоқот намуд.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg