Баргардонидани шаҳрвандони Тоҷикистон ба Ватан

29.06.2023 17:11

29 июни соли 2023 бо мусоидати Хадамоти консулии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия 1 нафар шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бинобар манъи вуруд доштан дар минтақаи Абхазия дармонда буд, ба Ватан баргардонида шуд.
Зимни сафар ба Тоҷикистон, ба шаҳрванд аз ҷониби Сафорат ҳамаи кумакҳои зарурӣ расонида шуданд.
Қобили қайд аст, ки Сафорат кӯшиш мекунад, ки чунин мусоидатро ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳолатҳои мазкур анҷом диҳад.
Ҳамзамон Сафорат ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба кишвари иқомат манъи вуруд доранд, тавсия медиҳад, ки барои убури сарҳад аз минтақаҳои мазкур худдорӣ намоянд.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg