Дар доираи Рӯзҳои фарҳанги Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Осорхонаи миллӣ бо иштироки намояндагони осорхонаҳои Тоҷикистон ва осорхонаҳои машҳури Русия Форум таҳти унвони «Муколама миёни осорхонаҳои Тоҷикистону Русия» баргузор гардид.
Дар идомаи Форум роҳбарону намояндагони осорхонаҳои Тоҷикистон ва Русия дар мавзуъҳои «Ихтиёриён дар осорхона, корҳои намоишӣ», «Тарғиби коллексияҳои мардумшиносӣ», «Ҳифзи мероси фарҳангӣ», «Барномаҳои фарогир ва кӯдакона» маъруза намуданд.
Имрӯз Форум кори худро идома дода, дар он дигар мавзуъҳои муҳими соҳаи осорхонашиносӣ ва роҳҳои рушди ҳамкорӣ байни осорхонаҳои Тоҷикистон ва Русия таҳлилу баррасӣ мегарданд.
Ҳамчунин дар доираи маҷмӯи чорабиниҳо оид ба рушди ҳамкорӣ байни осорхонаҳои Тоҷикистон ва Русия дар Осорхонаи миллӣ намоиши аксҳо оид ба фаъолияти киностудияи «Тоҷикфилм» таҳти унвони «Сарзамини муқаддас ва муъҷизаофар» ифтитоҳ мегардад.
Ёдовар мешавем, ки 6 июл Рӯзҳои фарҳанги Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд. Ҳайати 64-нафараи ҳунармандони Русия аз 6 то 11 июл барномаҳои ҳунарии хешро дар шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд баргузор менамоянд.
Бояд гуфт, ки ҳайати меҳмонон аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон, Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Кохи Наврӯз, «Боғи Ирам» ва дигар мавзеъҳои ҷолиби пойтахт ва шаҳри Хуҷанд дидан менамоянд.