Имрӯз, 7 июл дар доираи баргузории Рӯзҳои фарҳанги Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон вохӯрии ҳайатҳои кории Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанги Федератсияи Русия таҳти унвони «Рӯзҳои фарҳанги Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон-асоси таҳкими дӯстии байни халқҳост» баргузор гардид.
Нахуст ҳайати фарҳангии Русия аз утоқҳои дастхатҳо, китобҳои қадимаи адибони классики тоҷик дидан карда, бо фарҳангу маданияти халқи тоҷик ошноӣ пайдо намуд.
Сипас, вобаста ба ҳамкорӣ дар самти фарҳанг, аз қабили баргузории барномаҳои ҳунарӣ, намоишномаҳои театрӣ, таъмини мутахассисони соҳаи театру кино, баргузории дарсҳои омӯзишӣ аз ҷониби мутахассисон ва ғайраҳо ибрози назар карда шуд.
Бояд гуфт, ки аз 6 то 13 июли соли равон Рӯзҳои фарҳанги Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон доир мегарданд.
Ҳайати 64-нафараи ҳунармандони Русия аз 6 то 11 июл барномаҳои ҳунарии хешро дар шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд баргузор менамоянд.
Бояд гуфт, ки ҳайати меҳмонон аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон, Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Кохи Наврӯз, «Боғи Ирам» ва дигар мавзеъҳои ҷолиби пойтахт ва шаҳри Хуҷанд дидан менамоянд.