Сафорати Тоҷикистон дар Россия аз қазияи марги ду нафар ҷавони тоҷик, ки 15 июли соли ҷорӣ дар шоҳроҳи Челябинск-Уфа-Перми Федератсияи Россия дар пайи як садамаи нақлиётӣ ба ҳалокат расиданд, огоҳ буда, ҳамдардиашро ба наздикону пайвандони фавтидагон изҳор менамояд.
Бо мусоидати Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург ва ҷамъияти тоҷикон ҷасадҳои шаҳрвандони фавтида ба Ватан интиқол дода мешаванд.
Дар ҳодисаи мазкур ҳамчунин як нафар ҷавони тоҷик ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардид. Ба шаҳрванди осебдида ҳамаи кӯмакҳои зарурӣ расонида мешаванд.