14 июли соли 2023 мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо Сафири навтаъйини Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Федератсияи Россия Линн Трейси баргузор гардид.
Ҳадафи асосии мулоқоти мазкур аз шиносоии роҳбарони намояндагиҳои дипломатии ду кишвар, инчунин баррасии ҳамкории дуҷонибаву бисёрҷониба ва дигар масоили мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо иборат буд.